Saturday, May 31, 2008

THE FIRST OFFICIAL NEWS ABOUT HASAN

Саъйи Ховар барои фуру нишондани сару садохо доир ба марги Хасан Асадуллозода:

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Дар давоми се ҳафтаи охир, бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳои минбаъда ва таҳкими равобит, вохӯриҳои Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бо роҳбарони ташкилотҳои давлативу байналхалқӣ, сохторҳои тиҷоратие, ки мизоҷони бонк мебошанд, баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо, ҷонибҳо вазъи равобити тарафайнро ҳамаҷониба таҳлил намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро чиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ва ворид кардани намудҳои нави хизматҳое, ки хароҷотро кам карда, барои афзоиши даромадҳои онҳо мусоидат менамояд, барои баррасӣ пешниҳод намуданд.
Чунин вохӯриҳо дар оянда низ ба роҳ монда шуда, баҳри вусъатёбӣ ва ҳавасмандгардонии муносибатҳои молиявӣ-қарзии байни бонкӣ ва мизоҷони он бо роҳи амалигардонии лоиҳаҳои муштараки хурду бузурги соҳаи қарздиҳӣ ва маблағгузории тиҷоратӣ, мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон мизоҷон имконият пайдо менамоянд, ки имконоти бештари рақобатпазири маблағгузориро барои хизматрасонии равандҳои тиҷоратию корчаллонӣ ба даст оранд.

Бовар мекунед?