Saturday, April 12, 2008

РӮЗҲОИ САХТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар садои мансабдорони олирутбаи ҳукумати Тоҷикистон дигар он итминони солҳои пеш эҳсос намешавад, баръакс садои онҳо ҳоло як андоза меларзад ва эҳсоси тарси онҳоро ҳам аз суханрониҳояшон ва рафторашон дидан мумкин аст.

Худи Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 март дар рӯзҳои Наврӯз, ки ваҳшати сахтиҳои зимистони қаҳратун ва бебарқу газ дар ёди мардум буд, зимни мулоқот бо аҳли зиё дар Душанбе аз хабарнигорони тоҷик даъват кард, ки ба гуфтаи вай “аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд”.Манзур зоҳиран ин аст, ки мардум рӯҳафтода ва хашмгин шудаанд ва онҳоро бо мақолаҳои танқидии хеш якбора ба зидди ҳукумат нашӯронед.

Дигар нишонаҳои тарси мансабдорон муроҷиатҳои “дӯстонаи” онҳо ба рӯзноманигорон аст, ки аз навиштани мақолаву таҳлил доир ба бесалоҳиятии мақомот ва оҷизии онҳо дар ҳалли мушкиле худдорӣ варзанд. Баъзе дӯстони хабарнигорам гуфтанд, ки ҳатто аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба расонаҳои хориҷӣ, ки ошкортар доир ба вазъи кишвар менависанд, муроҷиат карда ва гуфтааст, ки ҳукумат кори хуб ҳам мекунад, чаро шумо аз онҳо чашм мепӯшед, зеро мардум баъди шунидани гузоришҳои шумо ба мақомоти давлатӣ нома менависанд, ки чаро шумо ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунед.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд битарсад, зеро зимистони гузашта, ки мардуми Тоҷикистонро қариб аз сардӣ кушт (кудаконашонро дар бемористонҳо кушт ва бештар аз 200 нафарро) ва оҷизии ҳукумат дар ҳалли мушкилоти мардумро нишон дод, мардумро аз ҳукумат дилсард кардааст. Агар як солу ду соли пеш дар рустоҳои Тоҷикистон ҳукумат ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти зиёд дошт ва агар як рустоии оддиро мепурсидед, ки доир ба ҳукумат чӣ андеша дорад, мегуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон мардаки хуб аст”, аммо ҳоло ба ин суоли худ комилан ҷавоби баръакс хоҳед гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон баҳона барои тарсидан дорад, зеро парвози қиммати маводи ғизоӣ бахусус орд, хашми мардуми нимгуруснаи Тоҷикистонро барангехтааст. Ба гуфтаи Барномаи ғизои Созмони Милал қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон то 70 дарсад, гандум – 128 дарсад ва равған – 126 дарсад боло рафааст. Ҳукумати Тоҷикистон медонад, ки қиматҳо дар ояндаи наздиктар ҳам ба сӯи боло ҳаракат хоҳанд кард, зеро дар хориҷ низ раванд чунинаст. Ва агар ҳукумати Қазоқистон онгуна ки гуфтааст, ба хотири пешгирӣ аз афзоиши қиммати гандум дар дохил содироти ғалларо маҳдуд кунад, дар он ҳолат вой бар ҳоли мардуми Тоҷикистон ва ҳам вой бар ҳоли ҳукумат. Намояндагони давлат дар нишастҳои корӣ бо намояндагони кишварҳои донор ва муассисаҳои хайрия гуфтаанд, ки аз он метарсанд, ки эҳтимол имсол ду миллион нафар мардуми Тоҷикистон нимгурусна хоҳанд буд.

Аз ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалҳои баҳор аз мардум хост, ки ҳар қадар ки метавонанд, ғалладона кишт кунанд. Яъне зӯратон ба харидани ғалладонаи воридотӣ нахоҳад расид. Танҳо чанд рӯз пештар низ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то муассисаҳои кишоварзии давлативу ғайридавлатӣ феҳраси заминҳоеро, ки ду маротиба кишт хоҳанд шуд, дар ихтиёри ҳукумат гузоранд.

Ҳамингуна рӯзҳои тарснок барои ҳукумати Тоҷикистон дар пешанд ва мақомот аз ин ба хубӣ огаҳ ҳастанд (албатта на ҳамаи онҳо, зеро агар доир ба ояндаи дуртар меандешиданд, гирифтори чунин дарди сарҳое намешуданд). Ҳукумат акнун огоҳ аст, ки маҳбубияташ дар байни мардумро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Ҳарчанд миллати тоҷик пурсабру таҳаммул аст ва мисли мардум дар Ҳаитӣ ва Бангладеш барои боло рафтани қиммати маводи ғизоӣ ба қароргоҳҳои ҳукумат ҳамла намекунад, аммо миллати тоҷики фарзандӯстдор, бидуни шак гиряи фарзанди гуруснаашро таҳаммул намекунад. Гиряе, ки шунидану таҳаммул карданаш бисйор сахт аст.

Sunday, April 6, 2008

Tajik government's lies

Ҳукумати Тоҷикистон баъди панҷуми март меҳмонҳои зиёдеро пазироӣ кард, ки сӯҳбат бо онҳо барои мақомоти олирутба, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чандон осон набуд. Баъди панҷуми март, гуфтугӯҳои меҳмонон аксаран доир ба он буд, ки чӣ гуна ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст, зимни ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дурӯғ гӯяд. Ин меҳмонон аз ҷумла, Шигео Катсу муовини мудири Бонки Ҷаҳонӣ ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран гуфт, ки фиреб додан ҳангоми ҳамкориҳо чизи хубе нест, зеро эътимод аз байн меравад ва сармоягузорон, ки пули худро бисёр эҳтиёт мекунанду дӯст медоранд, ба кишварҳои дурӯғгу пул намедиҳанд.
Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки зимни сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон "имконот барои боло бурдани ҷалби сармоя ба Тоҷикистон" баррасӣ шудааст, ки ин маъниро ҳам медиҳад, бояд аз ин пас дурӯғ нагуед ва бо шарикони худ самимӣ бошед.Панҷуми март зоҳиран дар ёди Эмомалӣ Раҳмон абадан нақш хоҳад баст, зеро дар ҳамин рӯз Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки Тоҷикистон дарёфти қарз, дар ихтиёри ин созмони молӣ "иттилоъоти нодуруст" гузоштааст, агар дипломатияро як тараф гузорем, яъне "дурӯғ гуфтааст.
Бонки Миллии Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2004 барои қарз гирифтан, аз Сандуқи Байналмилалии Пул худро сарватманд нишон додааст, яъне гуфтааст, ки захираҳои арзиву молии кофӣ дорад, ки дар сурати сар задани бӯҳроне масалан тамом шудани маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон барои воридоти семоҳа истифода барад.Ва ба гуфтаи Люк Мойерс намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул ҳукумати Тоҷикистон на як бору ду бор балки шаш маротиба дар ихтиёри ин созмон "иттилоъоти нодуруст", аниқтараш "дурӯғ” гузоштааст.
Бо гузашти як моҳ аз эъломи Сандуқи Байналмилалии Пул, мақомоти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмонро ором нагузоштанд ва рӯзи дуввуми апрел қоиммақоми муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказ Памела Спратлен ҳам ин мавзӯи нороҳаткунандаву ҳиҷолатовар ба миён кашида гуфт, ки дурӯғгуиҳо обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилал резонда ва сабаби кам шудани эътимод ба ҳукумат шудааст. Ва Тоҷикистон аз ҳоло меваҳои "ширини” иттилоъотҳои нодуруст ва дурӯғгуиҳоро мечашад.
Бонки Рушди Осиё, рӯзи дуввуми апрел эълом кард, ки барномаҳояш дар Тоҷикистонро маҳдуд мекунад. Ин созмон ҳам аз дипломатия кор гирифт ва гуфт, ҳаҷми сармоягузориҳо коҳиш нахоҳад ёфт, вале чанд арсаи махсус барои сармоягузорӣ интихоб хоҳад шуд. Вале дар нишасти хабарии Бонки Рушди Осиё як хабарнигори зираке дар Душанбе ёфт нашуд, ки бипурсад, чаро маҳз имсол чунин тасмим гирифтед ва чаро ин корро пештар накардед. Аммо бепосух ба ин суол ҳам рӯшан аст, Бонки Рушди Осиё, ки ба хотири мардуми бечораи Тоҷикистон миллионҳо долларро дар ихтиёри ҳукумат гузоштааст, мехоҳад бигӯяд, ки дигар аз Бонки Рушди Осиё он саховатмандии пешинаро интизор набошед.
Табиист, ки созмонҳои дигари моливу кишварҳои кӯмакрасон бо назардошти фиреби Сандуқи Байналмилалии Пул аз ин пас мулоҳиза хоҳанд кард, ки меарзад дар Тоҷикистон сармоя гузорем ва ё ба ҳукумати он кӯмак кунем. Албатта бо назардошти манофеъи худ онҳо кӯмакҳое дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳанд гузошт, аммо рафторашон мисли падаре хоҳад буд, ки баъди дархости писараш барои пул, ба ҳамёни худ дурудароз назар мекунад, аввал пули калонтар, сипас миёна ва дар ниҳоят чанд тангаро ба писараш дода ва огоҳ мекунад, ки пулро дуруст сарф кунад.
Бале дигар ҳар сармоягузору донор пеш аз шунидани номи Тоҷикистон ҳатман қазияи фиреби Сандуқи Байналмилалии Пулро ба хотир оварда ва сипас рафтор мекунад.Барои он ки дигар созмонҳои кӯмакрасон ва донорҳои Тоҷикистон саховатмандона бо ин кишвар рафтор кунанд (ҳарчанд саховати зиёде ҳам то кунун нишон надодаанд) бояд ҳукумати Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд намояд, то ба гуфтаи Мӯҳсин Хон – мудири бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар Сандуқи Байналмилалии Пул эътимод ба худро барқарор намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ инро ба хубӣ мефаҳмад ва ҳам онро мефаҳмад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи он чӣ фикр мекунад, яъне агар ҳукумат қодир ба нотарсона фиреб додани созмонҳои байналмилалӣ бошад, пас мардуми худро ҳам ҷасурона фиреб медиҳад. Ҳукумат боз ҳам мефаҳмад, ки акнун чӣ гуна ҷалби сармоя барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, (ягона умеди ҳукумат) барояш сахттар хоҳад шуд, ҳарчанд то кунун ҳам зораву илтиҷоҳои он аз сармоягузорон самаре надодааст.