Saturday, July 12, 2008

EMOMALI RAHMON REGRETS THAT HE LIED

Эмомалй Рахмон - раиси чумхури Точикистон, ки обруяшро батадрич дар миёни мардум аз даст медихад, дар як номаи расмй ба унвони мудири Сандуки Байналмилалии Пул (IMF) аз дуруггуихои хукуматаш ба ин созмон ибрози пушаймонй кардааст. Эмомалй Рахмон дар ин нома ваъда додааст, ки дигар хукуматаш ин кори шармоварро такрор нахохад кард( кош ба мардуми бечораи Точикистон низ чунин мегуфт). Мохи феврали соли равон Сандуки Байналмилалии Пул эълом кард, ки Точикистон (Tajikistan) барои карз гирифтан аз ин созмон борхо дуруг гуфтааст, яъне захирахои асъор ва тиллои кишварро беш аз хад нишон додааст, харчанд пуле ки Бонки Миллии Точикистон доштааст, хатто барои воридоти якмохаи маводи зарурй ба ин кишвар намерасидааст. Дар он замон IMF аз хукумати Точикистон хост бештар аз 49 миллион доллари ин созмонро пеш аз мухлат баргардонад ва хукумат бояд аввалин кисми ин карзро 3 руз пеш аз тачлили чашни истиклолият баргардонад. Зохиран ин рузи истиклолиятро Эмомалй Рахмон ба табъи чандон хуш тачлил намекунад. Эмомалй Рахмон (Rahmon) акнун ваъда додааст, ки тамоми корро бо Сандуки Байналмилалии Пул мекунад, то эътимоди сармоягузорону кишвархои донорро, ки хамеша аз онхо ба гуфтаи худаш барои "мардуми точик" пул мехохад, баркарор кунад. Аммо "шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст". Акнун хукумат хамрох бо Сандуки Байналмилалии Пул (IMF) хамкорй дорад, то ки фаъолияти Бонки Миллй (NBT) "дуруггуйи аслй" дар казия шафоф бошад. Фаъолияти онро ба зудй бояд аудиторхои хоричй тафтиш кунанд ва бар асоси кавли хукумат аз натичахои он бояд мардум низ огах карда шаванд.
Дуруггуйй ба Сандуки Байналмилалии Пул барои худи Эмомалй Рахмон дарди сар эчод кард, зеро бар асоси барномаи хамкорй бо IMF бояд Конун доир ба Бонки Миллии Точикистон ислох шавад ва Эмомалй Рахмон набояд дар хар интихоботе, ки "пируз" шуд раиси бонкро иваз кунад ва агар иваз кардани бошад, бояд бигуяд, ки сабаби сабукдуш кардани мудири Бонки Миллй чй аст. Дигар дарди саре, ки дуруггуйй барои хукумати Рахмон эчод кард, ин аст, ки бояд моликони тамоми ширкатхои молй ва сармоягузор, ки дар вазорати молия ва дигар идорахои Точикистон сабти ном шудаанд, ошкор шавад. Сохибони ин гуна ширкатхоро мардум медонанд, вале хукумат мегуяд, ки он гуфтахо овоза аст. Хукумат дуруст мегуяд, ки гуфтахои мардум "овоза" аст, харчанд "овоза" бошад хам, аммо хакикат аст. Агар хукумат ба ваъдааш вафо карда ва ин бор хам Сандуки Байналмилалии Пулро фиреб надихад, бояд то охири мохи сентябр аудиторхои хоричиро барои ширкат дар озмун барои тахкики фаъолияти "Барки Точик" ва "Талко", даъват кунанд, ки ба гуфтаи кормандони Сандуки Байналмилалии Пул захирахои азими мардуми камбизоати Точикистонро талаф додаанд ва ношафофии фаъолияташон мояи нигаронии амик мебошад. Тафтиши ин корхонахо бино ба гузориши Сандуки Байналмилалии Пул метавонад, пинхонкорихои дигарро ошкор кунад, ки ин вокеан зарбаи дигаре ба обруи хукумати Эмомалй Рахмон хохад буд, ки Талко ва Барки Точик ба у итоат мекунанд. Аммо боз хам Сандуки Байналмилалии Пул зохиран итминон надорад, ки мегуяд, макомоти давлатй бояд дар тахкику тафтиши ин корхонахо ва дигар фаъолиятхои идорахои хукуматй хамкорй кунанд вагарна, боз хамон хурдани хакки мардуми точик ва фасодкорй дар сатхи болои хукумат бокй хохад монд. Хабарнигорони азизи точик гузориши Сандуки Байналмилалии Пул барои пайгирии он ки хукумат то кучо ба ваъдахоя вафо мекунад, як рахнамои хубе барои шумо хохад буд. Гузориши Сандуки Байналмилалии Пул ва номаи пушаймонии Эмомалй Рахмон инчост.
http://imf.org/external/russian/pubs/ft/scr/2008/cr08197r.pdf

1 comment:

НАВКАЛАМ said...

вой бар холи ин гуна хирсони дар зери барф хобрафта!!!
то кай мо мардумро фиреб медихем то давлати мо таракки карда истодааст.ин хама хилаю найранг кор нахохад дод.мо кашокем ва кашок мемонем то бар сари давлат ягон шахси саводнок наояд!!!!