Saturday, April 12, 2008

РӮЗҲОИ САХТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар садои мансабдорони олирутбаи ҳукумати Тоҷикистон дигар он итминони солҳои пеш эҳсос намешавад, баръакс садои онҳо ҳоло як андоза меларзад ва эҳсоси тарси онҳоро ҳам аз суханрониҳояшон ва рафторашон дидан мумкин аст.

Худи Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 март дар рӯзҳои Наврӯз, ки ваҳшати сахтиҳои зимистони қаҳратун ва бебарқу газ дар ёди мардум буд, зимни мулоқот бо аҳли зиё дар Душанбе аз хабарнигорони тоҷик даъват кард, ки ба гуфтаи вай “аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд”.Манзур зоҳиран ин аст, ки мардум рӯҳафтода ва хашмгин шудаанд ва онҳоро бо мақолаҳои танқидии хеш якбора ба зидди ҳукумат нашӯронед.

Дигар нишонаҳои тарси мансабдорон муроҷиатҳои “дӯстонаи” онҳо ба рӯзноманигорон аст, ки аз навиштани мақолаву таҳлил доир ба бесалоҳиятии мақомот ва оҷизии онҳо дар ҳалли мушкиле худдорӣ варзанд. Баъзе дӯстони хабарнигорам гуфтанд, ки ҳатто аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба расонаҳои хориҷӣ, ки ошкортар доир ба вазъи кишвар менависанд, муроҷиат карда ва гуфтааст, ки ҳукумат кори хуб ҳам мекунад, чаро шумо аз онҳо чашм мепӯшед, зеро мардум баъди шунидани гузоришҳои шумо ба мақомоти давлатӣ нома менависанд, ки чаро шумо ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунед.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд битарсад, зеро зимистони гузашта, ки мардуми Тоҷикистонро қариб аз сардӣ кушт (кудаконашонро дар бемористонҳо кушт ва бештар аз 200 нафарро) ва оҷизии ҳукумат дар ҳалли мушкилоти мардумро нишон дод, мардумро аз ҳукумат дилсард кардааст. Агар як солу ду соли пеш дар рустоҳои Тоҷикистон ҳукумат ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти зиёд дошт ва агар як рустоии оддиро мепурсидед, ки доир ба ҳукумат чӣ андеша дорад, мегуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон мардаки хуб аст”, аммо ҳоло ба ин суоли худ комилан ҷавоби баръакс хоҳед гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон баҳона барои тарсидан дорад, зеро парвози қиммати маводи ғизоӣ бахусус орд, хашми мардуми нимгуруснаи Тоҷикистонро барангехтааст. Ба гуфтаи Барномаи ғизои Созмони Милал қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон то 70 дарсад, гандум – 128 дарсад ва равған – 126 дарсад боло рафааст. Ҳукумати Тоҷикистон медонад, ки қиматҳо дар ояндаи наздиктар ҳам ба сӯи боло ҳаракат хоҳанд кард, зеро дар хориҷ низ раванд чунинаст. Ва агар ҳукумати Қазоқистон онгуна ки гуфтааст, ба хотири пешгирӣ аз афзоиши қиммати гандум дар дохил содироти ғалларо маҳдуд кунад, дар он ҳолат вой бар ҳоли мардуми Тоҷикистон ва ҳам вой бар ҳоли ҳукумат. Намояндагони давлат дар нишастҳои корӣ бо намояндагони кишварҳои донор ва муассисаҳои хайрия гуфтаанд, ки аз он метарсанд, ки эҳтимол имсол ду миллион нафар мардуми Тоҷикистон нимгурусна хоҳанд буд.

Аз ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалҳои баҳор аз мардум хост, ки ҳар қадар ки метавонанд, ғалладона кишт кунанд. Яъне зӯратон ба харидани ғалладонаи воридотӣ нахоҳад расид. Танҳо чанд рӯз пештар низ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то муассисаҳои кишоварзии давлативу ғайридавлатӣ феҳраси заминҳоеро, ки ду маротиба кишт хоҳанд шуд, дар ихтиёри ҳукумат гузоранд.

Ҳамингуна рӯзҳои тарснок барои ҳукумати Тоҷикистон дар пешанд ва мақомот аз ин ба хубӣ огаҳ ҳастанд (албатта на ҳамаи онҳо, зеро агар доир ба ояндаи дуртар меандешиданд, гирифтори чунин дарди сарҳое намешуданд). Ҳукумат акнун огоҳ аст, ки маҳбубияташ дар байни мардумро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Ҳарчанд миллати тоҷик пурсабру таҳаммул аст ва мисли мардум дар Ҳаитӣ ва Бангладеш барои боло рафтани қиммати маводи ғизоӣ ба қароргоҳҳои ҳукумат ҳамла намекунад, аммо миллати тоҷики фарзандӯстдор, бидуни шак гиряи фарзанди гуруснаашро таҳаммул намекунад. Гиряе, ки шунидану таҳаммул карданаш бисйор сахт аст.

6 comments:

D said...

Мелоди торнигоре тоза бо дидгохе механпарастонаро шодбош мегуям. Механпарасти гиромй, хар чои дунё хастй дар офият бош. Каламат равон ва каломат пурзур бод. Чашмбарохи навиштахои тозаат хастам.

Mehanparast said...

Ташаккур дусти азиз. Навиштаи оянда
доир ба мухочирати точикон хохад буд.

Anonymous said...

Дуруд ба муассиси торнигори нав. Самимона барояш барори кор мехохам.

Додгустар said...

Салом аз Додгустар.
Муаллиф ва торнамосози чадидро барои худи муаллиф ва кулли Точику Точикистониё шодбош мегуям.
Зихй саодат, ки сафи мо бештар мешавад. Худовандо нагузор, ки ин сафи моро худбинон бишкананд.Омин!

Mehanparast said...

Salom bar shumo dustoni aziz.
Va tashakkur baroi muhabbati ziyod.

Mehanparast

BREADMAKER said...

Офарин!Имони мустахкам дошта боши.