Wednesday, July 29, 2009

The real reason behind Emomali Rahmon's appeal Сабаби аслии илтиҷои Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон

Тақозои ногаҳониву нодири раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардум барои захира кардани маводи ғизоии дусоларо бисёре аз расонаҳо ба масхара кашиданд, ки чӣ гуна мардуми камбизоате, ки рӯзашро ба сахтӣ мегузаронад, барои ду сол маводи ғизоӣ, дурустараш гандум захира мекунад. Аммо ҳеҷ яке аз ин расонаҳо сабаби ин “илтиҷои” ногаҳонии Эмомалӣ Раҳмонро нагуфтанд, фақат ба он гуфтаи Раҳмон бовар карданд, ки “бӯҳрони иқтисодӣ ва ҳам офатҳои табиӣ таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоиро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкил кардааст ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад.”

Баҳонае хубе барои чунин илтиҷо аст, ҳарчанд имсол бино ба тахминҳо ҳосили гандум дар ҷаҳон назар ба солҳои гузашта хубтар хоҳад шуд. Зоҳиран сабаби муроҷиати Раҳмон на бӯҳрони иқтисодӣ аст ва на офатҳои табиӣ, сабаби муроҷиати ӯ нигаронӣ аз иқдомоти ояндаи Русия ва Ӯзбакистон аст, ки дигар на тоби шунидани ҳарфҳои Раҳмонро доранду на тоби дидани иқдомоти ӯро, ки мехоҳад, Русия дигар қавлу ваъдаҳои болобаланди дурӯғро канор гузорад ва дар Тоҷикистон ягон кори амалӣ кунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рӯз ба Дмитрий Медведев хоҳад гуфт, ки бас аст, “замини Тоҷикистон бесоҳиб нест ва барои пойгоҳи низомиат бояд пул бидиҳӣ” ки ин талаб албатта Дмитрий Медведевро асабонӣ хоҳад кард, ки кишвараш пул надорад, ба бознишастаҳояш ҳаққи бознишастагӣ бидиҳад. То се соли дигар замони ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон хотима меёбад ва як рӯзномаи маҳаллӣ ҳам гуфта буд, ки идомаи ҳузури онҳо “ҷиноят” ба зидди миллати тоҷик хоҳад буд. Дмитрий Медведев ба ин ҳам асабонӣ ба Тоҷикистон меравад, зеро дар он кишвар дигар ба забони модарии ӯ ба мисли пешина эҳтиром намегузоранд, дигар номи забони русиро дар Қонун доир ба забони давлатӣ намегиранд. Ин кори Эмомалӣ Раҳмон ончунон маҳофили сиёсии Русияро асабонӣ кард, ки ошкоро таҳдид карданд, кафши садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик, ноноварони садҳо ҳазор хонавода дар Тоҷикистонро, пеши пояшон мегузоранд ва ба гуфтаи Владимир Жириновский сиёсатмадори миллатгарову оташнафаси Русия дари ин кишварро “бо виза ба рӯяшон мебандад.” Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк мекунад, ки Русияи заъиф, ки ҳоло танҳо бо шиору таҳдид мехоҳа “азаматашро” нишон бидиҳад, ба ҳар кор қодир аст. Танҳо як амри шифоҳӣ кофист, ки пулиси золиму олуда ба фасоди Русия азияту озори муҳоҷирони тоҷикро шурӯъ кунад, хадамоти муҳоҷирати Русия ҳам пули набударо пайдо карда ҳазорон муҳоҷирро тӯда тӯда дар ҳавопаймову қатор ба ватани азизу бевафои онҳо ба Русия баргардонад. Эмомалӣ Раҳмон инро хуб медонад ва барои ин далеле даркор нест, танҳо кофист ба Гурҷистон нигаред, ки Русия бераҳмона пора порааш кард.

Эмомалӣ Раҳмон ғолибан ба ғавғову ҳаёҳуи Русия тавваҷӯҳ нахоҳад кард ва тарҳи Қонун доир ба забони давлатиро, ки дигар забони русияро забони муоширати байни миллатҳо намедонад, ба порлумон тавре ки ҳаст, хоҳад фиристод. Ислоҳ кардани тарҳу кӯтаҳ омадан таҳти фишори Русияву барои Раҳмону ҳукуматаш як шармсории азиме хоҳад буд, чӣ дар назди ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ. Ва далели ин гуфтаро дар як шарҳи хабаргузории давлатии Ховар метавонем, бубинем, ки аз забони як омӯзгор навиштааст, “вокуниши сиёсатмадорони Русия ба тарҳи Қонун доир ба забони давлатӣ мисли рафтори як мустамликадор аст, ки ба Тоҷикистон чун ба кишвари тобеъи Русия менигаранд.” Ин “омӯзгор” дар воқеъ ҳарфи давлати Тоҷикистонро мезанад, ки ба Русия мегӯяд, дигар “буққагӣ” ба кор намеояд, мо мӯҳтоҷи насиҳатҳои “бародаронаи” шумо нестем, мо медонем, чӣ кор мекунем. Аз ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз тарси танбеҳҳои Русия, ки содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон ҳам ҳаст, аз мардум хостааст, ки маводи ғизоӣ захира кунанд, то дар оянда гурусна намонанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тарси рафтори Ислом Каримови золим, ки ба ӯзбакҳои худаш ҳам раҳм намекунад, аз мардум хостааст, то маводи ғизоӣ захира намоянд. Тоқати Ислом Каримов, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғунро чашми дидан надорад ва ба дипломатҳои ғарбӣ гуфтааст, танҳо “через его труп” онро хоҳанд сохт, ба сар омадааст. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ғавғову суханрониҳои Ислом Каримову атрофиёнаш доир ба “зиёни зистмуҳитии Роғун” барои тамоми Осиёи Марказӣ худро ба карӣ андохта ва ҳамчунон бо ихтисоси пули ночизе ба сохтмони Роғун идома медиҳад. Ӯзбакистон, ки даҳонаш аз шикояту доду вой доир ба Роғун “мӯй баровард,” метавонад, ба иқдомоти амалӣ даст бизанад. Масалан бе ҳеҷ шаке метавон гуфт, ки дар инфиҷорҳо дар зери бинии мақомоти Тоҷикистон дар пойтахт дар шаҳри Душанбе, ки дар остонаи сафари раиси ҷумҳурони окистону Афғонистон ба эҳтимоли қавӣ нақши ангуштони Ӯзбакистон низ ҳаст. Маънии инфиҷорҳо чист? Барои дарки он зирак будан шарт нест. Маъниаш ин аст, "Тоҷикистон, ки дар назди қасри раиси ҷумҳураш бомб метаркад, чӣ гуна қодир аст, амнияти сармоягузори хориҷӣ дар даҳ қадам дуртарро таъмин кунаду нерӯгоҳ созад."

Барои Ислом Каримов гурусна гузоштани мардуми Тоҷикистон кори сахте нест, барои вай кофист, ки як "релси" роҳи оҳани самти Тоҷикистонро “каҷ карда” ва бо баҳонаи таъмири он ду моҳ нагузорад, то қаторҳои гандуму маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид шаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин тарсида ва аз мардум хостааст, ки гандум захира кунанд. Давлати Тоҷикистон, ки як даҳсола бештар ба дурӯғҳои Русия бовар кард ва акнун сарсахтии Ӯзбакистонро фаҳмид, акнун дарк кардааст, ки ҳоло ба ғайр аз худаш дигар касе ғами онро намехӯрад. Дер фаҳмид, бисёр дер фаҳмид ва ҳоло акнун ба мардуми Тоҷикистон, ки ғамашро то ҳол камтар мехӯрд, муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳои сахт дасти давлатро бигиранд. Яъне худкифо боша
нд ва нагузоранд, ки давлат дар назди Русия ва Ӯзбакистон зону бизанад.

2 comments:

reza vahhab said...

dust e hamqom! ba dorud!
cheshm e chap yek qaside ye ja’rist – boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
be ruzam o montazer e gozar o nazaret!
rezavahhab.blogfa.com

Wangbu said...

Привет! у вас есть замечательный блог! Я рад посетить здесь!