Friday, April 18, 2008

ХУШДОРИ РАХМОН АЗ РАСИДАНИ КИЁМАТ

Имруз телевизиони Точикистон Эмомалй Рахмонро намоиш дод, ки аз газаб
лабонаш меларзид ва ба зердастонаш амр медод, ки хар кори мумкинро кунанд ва дар хар вачаб замин галладона кишт кунанд, зеро ба гуфтаи раиси чумхур Эмомалй Рахмон "киёмат ва кахтй мерасад". Эмомалй Рахмон асабонй буд, нихоят асабонй буд ва мегуфт, ки омадани малаххо тавре кухансолон мегуянд, нишонаи киёмату кахтй аст. Вай малаххоро гунахкор кард, ки вазъи кишоварзону арсаи кишоварзиро бад кардаанд. Аммо нагуфт, ки сиёсати нодурусти уву атрофиёнаш холи кишоварзону арсаи кишоварзиро табох кардааст. Сиёсати хукумати Рахмон буд, ки хочагихои пунбапарвараш кариб ним миллиард доллар карздор шудаанд, сиёсати нодурусти хукумат буд, ки дигар мардум ба пули ба хуни чигар ба дастовардаи мухочирони кории Русия одат карда (танбал шуда) ва аз кишти зироат дар заминхои "президентй" даст кашиданд ва тавлиди гандуму дигар анвоъи зироат кам шуд. Беэътиноии вазорати кишоварзии хукумати Рахмон буд, ки нишонахои ба гуфтаи раиси чумхур, "киёмат" яъне малаххо барномаи танзими оиларо сарфи назар карда, дар киштзорхо бехисоб зойиданд. Хукумат акнун ба ояндаи дуртар меандешад, ки аз омадани "киёмат" дурустараш нооромихои ичтимой чилавгирй кунад, вале агар аз пеш ба ояндаи дур меандешид, малаххо ба ин андоза часур намешуданд ва хукумати Рахмону мардумро наметарсониданд.

4 comments:

D said...

Вакте ки лабхои Рахмон меларзид, у шояд ин байтро замзама мекард:

Эй малах, дод аз чафоят, шармсорам кардайи!
Эътиборамро чун он банди изорам кардайи!

hulag said...

Hello! I am a reader from the Philippines. I found your site very interesting. It is worth the visit.

Mehanparast said...

Do you really understand Tajik language?

D said...

Кучо шудй, рафик?